Дар вилояти Суғд ду нафар шахсони гумонбар ба фаъолияти террористӣ боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, амалиёт аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ доир гардидааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, террористони эҳтимолӣ дар яке аз манзилҳои зист пинҳон шуда, зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар натиҷа як корманди гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) захмӣ шудааст», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз боздоштшудагон аслиҳаи оташфишон ва дигар воситаҳои алоқа дарёфт ва мусодира гардидааст. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода нашуд.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, соли сипаришуда дар Тоҷикистон барои даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ 144 нафар дастгир шуданд. Миёни дастгиршудагон – 36 нафарашон аъзои созмонҳои фаъолияташон мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 тан аъзои «Ҷамъияти Таблиғ», 76 нафар аъзои Ҳаракати исломии Туркистон, ва 15 нафар аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ мебошанд.




Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мақеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Воридоти мошин зиёд шудааст. Аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон автомобил ворид мешавад?
“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад
Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд
Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 180 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 27
Дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст
Раиси Кумитаи андоз: “Дар Тоҷикистон сарбории андоз баланд нест”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста