Муовини аввали директори Марказӣ тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, дар Тоҷикистон аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли оянда изҳори нигаронӣ доранд.
«Мо ҳама аз он нигаронем, ки баъди соли 2014 нерӯҳои ИМА қисман аз Афғонистон хориҷ карда мешаванд», - гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Холиқназаров зикр кард, ки пас аз имзои созишномаи шарикии стратегӣ миёни Афғонистону ИМА, пас аз соли 2014 дар ин кишвар аз 20 то 60 ҳазор нерӯҳои низомии НАТО боқӣ мемонанд, ки дар навбати аввал ба омодасозии кадрҳои низомии маҳаллӣ машғул шуда, дар ҳамлаҳои бузурги ҳаракатҳои ифротгаро дар Афғонистон истифода хоҳанд шуд.
«Табиист, ки ҳукумати мо аз тағйири вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пас аз қисман хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон огаҳӣ дорад», - иброз дошт вай.
Ба қавли муовини аввали директори МТС, ба Тоҷикистон дар ин ҳолат таҷаммӯъи нерӯҳои гуногун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус толибон хатари зиёд дорад ва дар ин робита, баҳри пешгирии он чорабиниҳои мушаххас пеш гирифта мешаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста