Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳеҷ амалиёти низомие дар ВМКБ тарҳрезӣ накарда, қатораи автомашинаҳои бо низомиён ахиран ба ин минтақа сафарбаршуда омодагӣ ба тамринҳои низомӣ аст.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев нигарониҳои аҳолии вилоятро дар ин робита беасос унвон карда, изҳор намуд, ки ба минтақаи дигар сафарбар шудани низомиён нахуст ба оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ва сипас ба тамринҳои ҳамасолаи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ марбут аст.
«Тамринҳои ба ин монанд ахири моҳи март дар вилояти Хатлон ба итмом расида, ахири моҳи май ва аввали июн дар ВМКБ ва минбаъд дар вилояти Суғд дар назар аст», - гуфт ӯ.
Номбурда бори дигар таъкид кард, ки ташвишҳои мардум беасосанд ва дар ВМКБ ҳеҷ як амалиёти низомӣ тарҳрезӣ нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта пас аз кушта шудани генерали КДАМ Абдулло Назаров дар наздикии шаҳри Хоруғ, дар ин шаҳр амалиёти махсуси низомӣ доир гардид Бино ба иттилои сарчашмаҳои расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик бар ин назаранд, ки шумори ҷабрдидагон бамаротиб бештар аст. Шумори кушташудагон миёни тазоҳургарон то ҳанӯз маълум нест.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста