Дар ҷараёни конфронси хотимавии марҳилаи 5-уми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (CADAP) дар Бишкек изҳор гардид, ки Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба марҳилаи навбатии 6-уми ин барнома 5 млн. евро маблағ ҷудо карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, давоми 3 соли амалисозии барнома беш аз 3 ҳазор нафар коршиносон ва намояндагони ҳукуматҳои панҷ кишвари минтақа бо машғулиятҳои омӯзиши методикаҳои муосири тиббӣ ва равонӣ фаро гирифта шуда, дар доираи татбиқи барнома марказҳои табобату барқарорсозӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
«Ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти марбут ба густариши нашъамандӣ ва таҳдиди гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ миёни истеъмолгарони маводи нашъаовар тавассути сӯзандору мувоҷеҳанд», - иброз доштанд дар намояндагӣ.
Барномаи мазкур ба амалисозии кӯшишҳои муштарак дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар ҳамроҳӣ бо андешидани чораҳои коҳиши таъминот бо маводи мухаддир равона гардидааст, ки дар доираи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо дар Осиёи Марказӣ (BOMCA)-и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.



Соли 2025 теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Ӯзбекистон зиёда аз 2 баробар афзуд
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста