Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) барои кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон дар мавзӯи ошкор сохтан ва пешгирии убури ғайриқонунии марз тренинг баргузор намуд.

Тавре аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, 13 нафар афсарони хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва 12 нафар марзбонони афғон рӯзи 13-уми сентябр давраи омӯзишии навбатӣ оид ба посбонӣ ва роҳбарӣ дар хадамоти марзбониро хатм карданд.

Зимни баргузории ин давраи омӯзишии панҷҳафтаина афсарон бо банақшагирӣ ва баргузории корҳо оид ба назорати марз тавассути истифода аз харитаҳои топографӣ, тасвирҳои моҳвораӣ, методҳои банақшагирӣ ва идоракунии посбонӣ ва дигар таҷҳизоти тактикӣ аз наздик ошно гардида, малакаҳои худ дар бахши таҳлилу ҳисобот, посбонӣ дар манотиқи кӯҳистон, қобилиятҳои кӯҳнавардӣ ва расонидани кӯмаки аввалия дар шароити саҳроро такмил доданд.

«Ин давраи омӯзишӣ як қисмате аз кӯшишҳои мост, ки баҳри мусоидат ба беҳбуди амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон равона шудааст», - гуфт Ханс Питер Ларсен, муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. – САҲА минбаъд низ дар беҳбуди имконоти марзбонони тоҷику афғон бо мақсади мусоидат ба онҳо дар муборизаи муштарак алайҳи фаъолияти ғайриқонунии фаромарзӣ кӯмак хоҳад кард».

Давраи омӯзишии мазкур дар доираи Лоиҳа оид ба посбонӣ ва роҳбарӣ ба назорати марзӣ доир гардид, ки ба таҳкими имконоти кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ошкор сохтан ва пешгирии равуои ғайриқонунӣ тавассути марз ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.