Иштирокчиёни пойгаи автомобилии «Дар муттаҳидӣ мо нерӯем», ки бахшида ба 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» (СААД) мегузарад, дар Душанбе ба пойга хотима бахшида, рӯзи якшанбе ба марзбонони тоҷик мотосиклҳо тақдим мекунанд.

Бино ба иттилои сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов, мотосиклронон (байкерҳо) Александр Бордюжа, Александр Косирев ва Алексей Ноздратенко бо мотосиклҳои навъи M1NSK беш аз 10 ҳазор километри қаламрави кишварҳои узви СААД-ро тай намуда, техникаи муҳаррикиро ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон месупоранд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад дар як автомашинаи ҳамроҳ се адад мотосикли навъи M1NSK-и нав оварда мешавад. Ин навъи мотосиклҳо барои ҳаракат дар бероҳаву теппаҳо ва манотиқи куҳсор хеле созгор аст.

Қобили зикр аст, ки пойгаи автомобилии мазкур аз ҷониби намояндагони доираҳои дӯстдорони пойгаҳои автомобилии Русия бо дастгирии Котиботи СААД созмон дода шудааст.