Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэн баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, директори Агентӣ Р. Назаров ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ ва Сафорати ҶФО дар ҶТ дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дода, оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа ва дар Тоҷикистон изҳори ақида карда, дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҶТ дар самти мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақл намуд.
Ба иттилои манбаъ, Р.Назаров қайд намуд, ки механизми ҳамкориҳои мавҷудаи ду давлат имконият медиҳанд, ки ба муқобили ситезаҷӯиҳо, ҷиҳати пешгирии хатар ва таҳдидҳои нави мухаддиротӣ муқобилият нишон диҳем.
Зимнан зикр мегардад, ки дар навбати худ ҷаноби Холгер Грэн барои қабули самимӣ миннатдорӣ баён карда, ба ҳамкориҳои муфид ва самарабахши байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вақтҳои охир баҳои баланд дод.
Сафири Олмон қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам густариш ёбанд.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста