Ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Сардори Раёсати зиддитеррористии ВБҶ ҷаноби Ан Вейсинг ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ Директори АНМН генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров ба ҳайати меҳмонон дар бораи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар муборизабаранда, сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати ҷумҳурӣ, оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти зиддимухаддиротии дигар кишварҳо, аз он ҷумла бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶХХ нақл кард.
Диққати асосӣ ба ҳамкориҳои самараноки ду мақомот дода шуд, ки дар натиҷаи он роҳи қочоқи байналмилалии героин аз Афғонистон ба воситаи ҶТ ба ҳудуди ҶХХ баста шуд.
Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки «Тоҷикистон ҷиҳати бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз ҳудуди кишвар ва интиқоли минбаъдаи он ба дигар давлатҳо чораҳои қатъӣ меандешад».
Дар вохӯрӣ тарафҳо инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи иттилоот ва тайёр намудани муттахассисонро низ ҳаллу фасл намуданд. Р.Назаров қайд намуд, ки ҳамкориҳои байни АНМН ҶТ ва ВБҶ ҶХХ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор пеш аз ҳама ба манфиати халқҳои бародару дӯст хизмат намуда, баҳри таъмини бехатарӣ дар минтақа равона гардидаанд.
Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои дар солҳои охир ба имзо расонидаи байни ду идора, аз ҷумла Созишнома «Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» байни АНМН ҶТ ва ВБҶ ҶХХ аз моҳи сентябри соли 2006, барои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо таҳдидҳои мухаддиротӣ такони нав дод.
Роҳбари Агентӣ ба ҷаноби Вейсинг оид ба мунтазам расонидани ёрии моддӣ-техникӣ ба АНМН изҳори сипос намуданд. Қайд карда шуд, ки Самтҳои асосии рушди ҳамкориҳо бо ҳамкорон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои пешомадҳои наздик инҳо мебошанд: тақвият бахшидан ба механизми ҳамкориҳо, баланд бардоштани мубодилаи таъҷилии ахборот, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, гузаронидани чорабиниҳои муштараки мувофиқагардида.
Дар навбати худ ҷаноби Вейсинг ёдовар шуд, ки Ҳукумати ҶХХ дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, махсусан дар Тоҷикистон диққати махсус медиҳад. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои фаъолияти самаранок дар ин самт изҳори миннатдорӣ кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор изҳори ақида карданд.
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста