Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба вилояти Суғд сафар намуда, аз рафти натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва омодагии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти мазкур ба зимистон аз наздик шинос шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми сафар вазир бо ҳайати шахсии Раёсати дар вилояти Суғд ҳамсӯҳбат шуда, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар корманди милитсия пеш аз ҳама ин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ мебошад, ки он дар ҳамкории зич бо аҳолӣ ба даст меояд.
Мавсуф, инчунин зимни ин сафари хизматӣ аз шароити кории кормандон ва ободонии биноҳо дидан намуда, ҳайати шахсиро ба хизмати содиқона дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ободиву хуррамии ватани азизамон ҳидоят намуд.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматии кормандони милитсияи вилояти Суғд ба роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд супоришҳои мушаххас дода бори дигар таъкид намуд, ки дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ зиракиву ҳушёрии касбии хешро аз даст надода ҳамеша аз паи фаъолияти хизматӣ бошанд.
Рамазон Раҳимов ба тамоми ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд супориш дод, ки бинобар сабаби сард шудани обу ҳаво ва боришот, барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва рафъи офатҳои табиӣ дар ҳолати омадабошӣ қарор дошта бошанд.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста