Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов  бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни мулоқот Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи қаблан коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оиди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният ба густариши ҳамкориҳои судманд мусоидат хоҳад кард. «Баъди ба имзо расидани лоиҳаи мазкур муносибатҳои дуҷониба боз ҳам равнақу ривоҷ ёфта, ҳамкориҳо таҳким хоҳанд ёфт», - иброз дошт вазир.  

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ  инчунин масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи иттилоот ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар карданд.