Зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа изҳор кардааст, ки айни замон дар марзҳои Тоҷикистн ба ҳузури марзбонони рус зарурате вуҷуд надорад.

Бино ба иттилои Evrazesnews.ru, ӯ гуфтааст, ки феълан марзбонони тоҷик ҳарчанд ҳамаҷониба омодаву муҷаҳҳаз бошанд ҳам, вале барои ҳимояти марз бо техника ва воситаҳои махсус таъмин нестанд.

«Аммо ворид кардани марзбонони рус ба ин кишварро ман лозим намешуморам, зеро айни замон дар он ҷо фаъолияти нерӯҳои марзбонӣ ба таври бояду шояд роҳандозӣ шудааст», - иброз доштааст Бордюжа.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли СААД илова намудааст, ки танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолиро касб намудани Тоҷикистон ва ҳанӯз дар ин кишвар мавҷуд набудани нерӯҳои марзбонии худӣ, марзбонони рус дар ҳифзи марз ба марзбонони тоҷик кумак мекарданд.

Ғайр аз ин, Бордюжа таъкид кардааст, ки афзоиши ҳаҷми гардиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи ин кишвар, ба Тоҷикистонро тарк гуфтани гуфтани марзбонони рус робита надорад. «Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳаракат танҳо тариқи марз нест ва ҳамаи онро марзбонон ошкору мусодира карда наметавонанд», - изҳор намудааст ӯ.

Дабири кулли СААД ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли равон, ояндаи наздик кишварҳои узви СААД барои тақвияти ҳифзи марз аз ҷониби марзбонони тоҷик тамоми воситаҳои заруриро ба онҳо дастрас хоҳанд кард.