Чанде қабл зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, хонандагони мактаби миёна, иборат аз 7-нафар ҳамчун гумонбар дар содир намудани 10-ҳолати дуздӣ дастгир гардиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, гурӯҳи мазкур таҳти роҳбарии Амон Маликови 17-сола, хонандаи мактаби миёна, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи шикастани қулфҳои дари даромад, ғайриқонунӣ вориди мағозаҳои хӯрокворӣ ва фурӯши маҳсулоти аудио-видео шуда, маҳсулотҳои хӯрока ва техникиро тасарруф мекардаанд.

«Дар натиҷаи ин амалҳо онҳо ба ҷабрдидагон дар маҷмӯъ қариб 20 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд», - гуфта мешавад дар хабари ВКД ҶТ.