Бо қарори раиси палатаи болоии парлумои ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 27-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон хабар дод, дар иҷлосия вакилони палатаи болоии парлумон қонунҳои қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷт қабулшударо баррасӣ хоҳанд кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосияи мазкур прокурори геералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ба вакилони палатаи болоии парлумон дар бораи вазъи риояи қонун дар Тоҷикистон дар соли 2013 ҳисобот медиҳад.