Субҳи имрӯз тамоми гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз карда мешаванд. Аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин оид ба минбаъд истифода нашудани аслиҳаи оташфишон аз ҷониби нерӯҳои марзбонӣ ва сохторҳои қудратии кишварҳо зимни вазъи ғайримунтазира дар марз низ созиш ба даст омад.
Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе оид ба идомаи кори комиссияҳои дахлдори ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон протоколи ҷонибҳо ба имзо расид, ки зери он муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов имзо гузоштанд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшида суратгирифта ҷонибҳо дар бораи сохтмони ду пул дар қитъаҳои баҳсноки марз дар самти Исфара низ тавофуқ ҳосил намуданд. Як пулро Тоҷикистон ва пули дигарро Қирғизистон месозанд. Дар бораи ҷузъиёти дигар маълумот дода намешавад.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузор намудани даври навбатии шуфтушунидҳо ахири моҳи март дар Тоҷикистон низ ба созиш расиданд. Гуфтушунидҳои навбатӣ дар Душанбе ё Исфара баргузор хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баста буд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста