Шаби 9 ба 10 июн аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Панҷ”-и Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ кӯшиши интиқоли миқдори калони маводи нашъаовар ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии “Шуркул” ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар задухӯрди мусаллаҳ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он яке аз қочоқбарон – Ғаффор валади Абдуғафури 45-сола – сокини вулусволии Имом Соҳиби вилояти Хатлон безарар гардонида шуд. Ҳаммаслаки ӯ бо номи Абдулло аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуд.
Гуфта мешавад, субҳи рӯзи дигар ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванди Афғонистон, як адад камони шикории қутраш 12 мм, як адад борхалтаи полиэтиленӣ дарёфт карда шуд, ки дар дохили он 35 баста бо ҳашиш бо вазни зиёда аз 13 кг ва 3 баста бо героин бо вазни тахминан 3 кг мавҷуд буд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста