- Дар амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои ихтилофдор беш аз 200 нафар тоҷикистониён иштирок доранд, - гуфт ба журналистон рӯзи 19-уми июн вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар тоҷикистониён дар Сурияву Афғонистон ва Покистон қарор доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз ним сол қабл муфтии Сурия изҳор карда буд, ки танҳо дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 190 нафар зодагони Тоҷикистон иштирок доранд. Ба қавли ӯ, тоҷикистониён дар ҳамаи созмонҳои динӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ аст (дар маҷмӯъ 12 созмон) ҳузур доранд.
Вазир қайд кард, ки яке аз сабабҳои бештар паҳншудаи иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар рӯйдодҳои Сурия дарки нодурурсти Ислом аз ҷониби онҳо аст. «Ҷавонони хоҳишманди гирифтани маълумоти динии ғайриқонунӣ ба кишварҳои мусалмонии Шарқ рафта, аксаран ба фаъолияти гурӯҳҳои байнулмилалии эсктремистӣ ҷалб мегарданд. Табиист, ки баъди бозгашт ин муллоҳои ҷавон натанҳо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва шавқу рағбати таблиғгарӣ, балки идеологияи тундгароии исломиро низ бо худ меоранд», - иброз дошт номбурда.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки ба туфайли соҳибистиқлолии давлатӣ, дар ҷумҳурӣ дар доираи қонун барои озодона ба ҷо овардани расму оин ва анъанаҳои динӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
«Дар ҳамин ҳол, таҳлили фаъолияти марказҳои бунёдгаро ва экстремистии хориҷӣ гувоҳи онанд, ки тарҳҳои онҳо нисбат ба бисёр кишварҳо мухолифи манфиатҳои мусалмонон, давлатҳо ва ҷомеа аст. Комилан метавон гуфт, ки ислом ҳамчун дин ба терроризм ва эсктремизм ҳеҷ муносбате надошта, онро маҳкум мекунад ва ин аз моҳияти ин дини ҷаҳонӣ бармеояд», - қайд кард Раҳимзода.
Ба қавли ӯ, вазорат мутмаин аст, ки терроризм ва эсктремизми динӣ вуҷуд надорад, танҳо терроризм ва эсктремизм арзи ҳастӣ дорад, ки ба он бо ақидаи динӣ ниқоб пӯшонидаанд ва вақте мо дар бораи терроризму эсктремизми динӣ ҳарф мезанем, маҳз терроризму экстремизмро дар назар дорем, ки бо ақидаҳои динӣ рӯйпӯш шудааст.
«Дар вазъи кунунӣ танҳо ҳокимияти пурзӯри давлатии дорои иродаи қавии сиёсӣ қодир аст, ки кишварро аз мухолифатҳо дар заминаи диниву этникӣ боздорад. Аз ин рӯ, мубориза ба эстремизм имрӯз натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои дунё хеле муҳиму рӯзмарра аст», - афзуд вазири корҳои дохилӣ.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста