Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин таъинот аллакай ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фиристода шудааст.
Зикр гардид, ки Низомхон Ҷӯраев бо баёноти тарк накардани маҳалли зист таҳти назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ қарор дошт. Аммо як манбаъ аз Агентии мазкур дар ин робита гуфт, аз 2-юми июн, замони ба баррасии Суди олӣ супурдани парванда, назорати мазкурро бояд Суди олии ҷумҳурӣ амалӣ мекард.
«Мо тафтиши парвандаро ҳанӯз 29-уми май ба итмом расонидем. Прокуратураи генералӣ хулосаи айбномаи моро маъқул шуморида, онро ба баррасии суд пешниҳод кард. Аз 2-юми июн парвандаи иборат аз 130 ҷилди Низомхон Ҷӯраев дар ихтиёри Суди олӣ қарор дорад», - афзуд сарчашмаи хабар.
Қаблан, Бахтиёр Насруллоев, адвокати Низомхон Ҷӯраев дар ин робита иттилоъ дода буд, ки тайи панҷ рӯзи ахир ӯ бо зерҳимояаш дар тамос шуда наметавонад . Бори ахир онҳо рӯзи 3-юми июн дар Душанбе вохӯрдаанд. Рӯзи 20-уми июн бояд мурофиаи навбатӣ оид ба парвандаи Ҷӯраев доир мегардидааст, вале ӯ ба он ҳозир нашудааст.
Қобили зикр аст, ки Низомхон Ҷӯраев дар парвандаи ба истилоҳ «парвандаи исфарагиҳо» айбдоркунандаи асосӣ ба шумор мерафт. Ӯ ва боз 33 нафари дигар дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор карда мешуданд.
Ёдрас мекунем, ки собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.
Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.
Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод кард.
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста