Ахири ҳафтаи гузашта Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон: Йоханес Эделхоф, Карл Мартин Бадов, Кристоф Гаденбах ва Йорк Бругменнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масоили рабуда шудани воситаҳои наклиёт аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои дохилӣ аз матолиби дар ҳафтаномаи немисии «Bild» оиди он, ки гӯё 200 адад автомашинаи тамғаи «БМВ» аз ҳудуди Олмон дуздида шудааст, изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки автомашинаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва Прибалтика тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд, ки дар чунин ҳолат онҳо масофаи беш аз 6-7 ҳазор километрро тай намуда, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген, аз ҷумла, Олмон, Полша, Литва, Латвия ва давлатҳои аъзои ИДМ: Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.

Ин воситаҳои нақлиёт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.1999 №441 «Дар бораи тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикӣ ва ядакдор», баъди тафтиши ҳамаҷониба ва супоридани андози гумрукӣ, ба воситаи нақлиёт ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дода мешавад, ки дар асоси он автомашинаҳо бо тартиби муқарраргардида, ба қайди Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии БДА гузошта шуда, дар онҷо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии автомашина дода мешавад.

Дар Котиботи генералии Интерпол базаи ҳисоботӣ вобаста бо воситаҳои нақлиёти рабудашуда таъсис дода шудааст, ки яке аз дастгоҳҳои муҳим дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб меравад, санҷида баромада мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки  ҳар як автомашинаи бақайд гузошта шуда, тавассути системаи ASF  ва I-BATCH, ки бо Котиботи генералии Интерпол пайваст гардидааст, тафтиш карда мешавад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки соли 2014 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мактуб ба Бюрои Миллии Марказии Интерполи Висбадени Олмон оиди 21 адад автомашинаи рабудашуда равон карда шуда буд. Вале, то имрӯз ягон ҷавоб гирифта нашудааст.

Аз соли 2011 то имрӯз 123 далели автомашинаҳои дуздида шуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд амалӣ намудани бақайдгирии автомашинаҳои зикргардида, манъ карда шудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон соҳиби автомашинаҳои мазкур мебошанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, ягон иртибот ба сохтакорӣ ва дуздии мошинҳо надоранд.

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, эътироф кардааст.

Мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад.

Ба саволи хабарнигорони Васоити ахбори оммаи Олмон оиди аз тарафи киҳо оварда шудани мошинҳои рабудашуда, Вазири корҳои дохилӣ посух гардонид, ки воситаҳои нақлиёт асосан аз ҷониби шахсони алоҳида, ворид карда мешаванд.

Тааҷубовараш он аст, ки автомашинаҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомотҳои дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.

Бояд таъкид намуд, ки аз 78–адад автомашинаи дуздидашудае, ки аз Олмон оварда шудааст, ягонтоаш ба наздикони аъзоёни Ҳукумат тааллуқ надорад ва хабари дар рӯзномаи немисии «Билд» чоп шуда, беасос мебошад.

Зимни мусоҳибаи Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони  Васоити ахбори оммаи Олмон, хабарнигорон иқрор шуданд, ки расмӣ будани ин хабарҳоро тасдиқ карда наметавонанд ва далелҳои дар боло оварда шударо бо такя аз сарчашмаҳои номӯътамад ва беасос пахш намуда, назари худро иброз доштаанд.

Дар хотима, Вазири корҳои дохилӣ аз ташрифи хабарнигорони олмонӣ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Олмон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амният тақвият мебахшанд.