Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов барои бозпурсӣ ба Раёсати КАДАМ-и вилоят даъъват шуд.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шерзамонов дар ин робита зикр кард, ки вохӯрӣ бо кормандони КДАМ соати 16-00-и рӯзи 24-уми июн доир гардида, дар он аз ӯ барои тарк накардани қаламрави ВМКБ баёнот гирифтаанд.
«Як рӯз пеш як шахси номаълум ба ман бо телефон занг зада, ба Раёсати КДАМ барои суҳбат даъват кард. Баъдтар дар ҷараёни вохӯрӣ ӯ гуфт, ки даъватнома фиристода шуда, вале ба ман нарасидааст», - иброз дошт Шерзамонов.
Ба савол дар бораи мавзӯи суҳбат дар Раёсати КДАМ Шерзамонов посух дод, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонад, зеро дар бораи ифшо накардани маълумот зери санад имзо гузоштааст. «Мутаассифона, дар бораи суҳбат ба шумо чизе гуфта наметавонам, танҳо ҳаминро қайд карданиам, ки дар бораи боздоштшуда ба гумони хиёнат ба давлат Александр Содиқов суҳбат доштем. Ғайр аз ин, ба масъалаи гирдиҳамойиҳо дар Хоруғ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», - афзуд номбурда.
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста