Пас аз чаҳор соли таҳсил беш аз сад нафар донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ки аз рӯи 14 ихтисос ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гашта, минбаъд ба ҳайси афсар дар шохаҳои гуногуни сохторҳои қудратии кишвар кору фаъолият менамоянд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, маросими хатми ин мутахассисони соҳаи низомӣ дар фазои идона бо вориди парчами давлатию ҷангӣ ва гузашти он аз назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ басо хотирмон сурат гирифт.
Ба иттили манбаъ, муовини вазири мудофиаи кишвар, сараввал, ин афсарони ҷавон ва наздикону пайвандони эшонро, ки иштирокчиёни бевоситаи чорабинӣ буданд, табрику таҳният намуда, таъкид доштанд, ки таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба омода кардани кадрҳои соҳавӣ, бахусус афсарони дорои маълумоти касбӣ диққати заруриро равона намуда, дар ин самт пайваста барои беҳтару хубтар намудани шароитҳои хизматӣ-маишӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Гуфта мешавад, дар рафти сӯҳбат масъулини соҳа дар назди ҳозирин бори дигар аз бунёду барқарорсозии сохтори валангоргаштаи Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки агарчӣ бинои ин муассисаи таълимӣ аз замони Шӯравӣ то ба имрӯз боқӣ гузошта шуда бошад ҳам, вале дар он ягон заминаи модиву техникӣ мавҷуд набуд ва бо гузашти вақт синфхонаҳои таълимӣ аз таъмир баровардаву марҳила ба марҳила бо таҷҳизотҳои гуногуни соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин раванд то ҷое имкон медиҳад, ки шумораи бештари афсарон на дар хориҷ, балки дар дохили кишвар омода карда шаванд. Баъди гузашти ду даҳсола беш аз 70 дарсади афсарони касбии Артиши миллиро имрӯз хатмкунандагони ин Донишкада ташкил медиҳад.
Сипас аз ҷониби масъулини соҳа ба ҳар яки ин афсарон дипломҳои хатм супорида шуда, аз онҳо бори дигар қатъӣ талаб карда шуд, ки софдилонаю содиқона ба халқу миллати хеш хизмат намуда, дар тарбия кардани кадрҳои ҷавон ва ободиву осудагии давлати хеш саҳми арзандаву шоиста гузоранд.
Зимни баромади худ афсарони ҷавон аз буду бош ва раванди таълиму тарбия аз ҷониби устодон дар ин боргоҳи илму маърифат сухан гуфта, иброз доштанд, ки то нафаси охир ба ин сарзамин ва савганди садоқатмандонаи худ, ки чаҳор сол қабл аз ин ба забон овардаанд, содиқ монда, барои пешравӣ ва сулҳи деринтизори мардуми тоҷик саҳм хоҳанд гузошт.
Ин гурӯҳи беш аз саднафара бо фармони тасдиқшудаи масъулини ин ниҳоди қудратӣ ба вазифаҳои гуногун таъин гашта, қисмати бештаршон дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ кору фаъолият хоҳанд кард. Бо бӯсидани парчам хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ бо устодону ҳамсабақони худ хайрухуш намуда, дар назди ҳозирин ба халқу ин сарзамин содиқ мондани худро бори дигар иброз доштанд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста