Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек марҳилаи навбатии гуфтушуниди комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо баргузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини нахуствазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва ҳайати кишвари ҳамсояро муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷомарт Оторбоев раҳбарӣ кардаанд.
«Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои истифодаи муштараки роҳҳо, захираҳои обӣ, чарогоҳҳои наздимарзӣ ва ҳамчунин ҷараёни иҷрои тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда оид ба сохтмони роҳу пулҳо баррасӣ шуданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ташкили сафари нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Бишкек низ матраҳ гардиданд, ки муҳлати он тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста