Ояндаи наздик миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасӣ ва мувофиқасозии матни лоиҳаи Шартнома миёни кишварҳо дар бораи марзи давлатӣ гуфтушунид сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои корӣ бояд лоиҳаи мувофиқашудаи Шартномаро то сафари расмии сарвари давлати кишвари ҳамсоя Алмазбек Отамбоев дар моҳи сентябр ба Душанбе омода кунанд.
«Дар вохӯрии гурӯҳи коршиносони Тоҷикистону Қирғизистон, ки имрӯз дар Қайроққум оғоз шуд, лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ таҳия мегардад, ки дар он муқаррарот ва меъёрҳои истиснокунандаи ҳама гуна монеъагузорӣ ва маҳдудиятҳо дар ҳаракати бемамониати нақлиёт, бор ва шаҳрвандони ҳарду кишвар пешбинӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи мувофиқаи қаблан ҳосилшуда, 10-уми июл Тоҷикистону Қирғизистон дар як вақт сохтмон ва истифодаи минбаъдаи ду пул дар самти Исфараи марзи давлатӣ ва роҳҳои автомобилгарди наздики онро оғоз мекунанд.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста