Дар бинои комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби кормандони соҳа ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ҷамоату деҳоти ин ноҳия ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ доир карда шуд. Мувофиқи нақша-чорабинии тарҳрезигашта наздики 500 нафар аз бошандагони ин ноҳия барои ширкат намудан дар машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, тибқи нақша дар қисмати аввал ба иширокчиён моҳияти чорабинии мазкур ва мавзӯҳои ба ҷамъомад пешбинишуда, усулҳои нави корбарӣ дар комиссариятҳои ҳарбӣ, сари вақт гирд овардани шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ҳудуди ноҳия ба таври назариявӣ фаҳмонида шуд. Қисмати дуюми ҷамъомади мудофиаи ҳудудии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияи Рӯдакӣ бошад, бо тарзу усулҳои хоса дар машқгоҳи Лоҳури вилояти Хатлон сурат гирифта, ба макони баргузории ҷамъомад бошад, яроқу аслиҳа ва техникаҳои дар ихтиёрдоштаи ин ноҳия равона карда шуд.
Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур, таъкид карда шуд, ки ҳадаф аз таҳияи чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани малакаи касбии иштирокчиён, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, бақайдгирии ҳайати шахсӣ, таъмин намудани онҳо бо амволи шайъӣ, аслиҳаи ҷангӣ ва дигар мавзуоти марбут ба омодагии сафарбарӣ дар ҳолати осоишта ва замони ҷангӣ буда, тибқи нақшаи пешбинишуда ҳамаи ин ба иштирокчиёни машғулиятҳо омӯзонида шуд. Сипас, ширкаткунандагон оиди моҳияти «Низомномаи намунавии сохторҳои сафарбарӣ» ва зарӯрати баргузории чорабинии мазкур ва камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта сухан карда, таъкид бар он доштанд, ки чунин раванд имкони боз ҳам сайқал додани донишу малакаи касбии ҳар як фарди дар ин ҷамъомад ҳузурдошта мебошад.Ба гуфтаи масъулини соҳа новобаст аз он, ки дар ҳудуди ноҳия бори нахуст ҷамъомади сафарбарӣ баргузор карда мешавад, натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандони дар эҳтиётқарордоштаи ҳудуди ноҳия дар ин машғулиятҳо қонеъкунанда мебошад.
Аз ин рӯ, масъулини соҳа ба сатҳи дониши аксари иштирокчиёни ҷамъомади омодагии сафарбарӣ баҳои хуб доданд. Бояд гуфт бори нахуст аст, ки аз ҳисоби занону бонувони дар эҳтиётқарордоштаи ин ноҳия, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни сохторҳои таркибии он фаъолият мекунанд, дар қатори мардон ба ин машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста