Оғози сохтмони ду пул ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди наздики он дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар самти Исфара дар як вақт аз ҳарду ҷониб мавқуф гузошта мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марз, ки рӯзҳои 2-3-юми июл дар Бишкек таҳти сарварии муовини нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев баргузор гардид, дар ин бора тавофуқ ҳосил шуда буд, вале зимни баррасии лоиҳаи сохтмони роҳҳои аллакай мувофиқашуда дар Қайроққум (7-уми июл), миёни ҷонибҳо мухолифат ба вуҷуд омад, зеро онҳо оид ба ҳалли ин мушкилот мавқеи ягона надоранд.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон сохтмони роҳи нав дар самти Исфара – Ворух ба сифати қитъаи мустақилро пешниҳод дорад, ки назорат, идоракунӣ, хизматгузорӣ ва истифодаи онро танҳо Тоҷикистон ба дӯш мегирад, вале Қирғизистон бар ин назар аст, ки истифодаву назорати ин роҳ бояд аз ҳарду ҷониб таъмин гардад.
«Ҳанӯз 2-3-юми июл дар Бишкек ҷонибҳо нақшаи роҳҳои мошингарди Исфара – Ворух ва Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишемишро мувофиқа карда буданд, вале дар Қайроққум ҷониби Қирғизистон мавқеи худро тағйир дод, ки метавонад ба нооромии вазъ дар марз оварда расонад», - зикр кард манбаъ.
Дар идома зикр гардид, ки Қирғизистон чандин маротиба кӯшиш ба харҷ дод, ки сохтмони роҳи мошингарди «Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишемишро, ки рӯзи 11-уми январ ба муноқишаи мусаллаҳонаи ҷонибҳо боис гардида буд, аз нав барқарор намояд.
«Бо талаби боисрори Тоҷикистон сохтмони ин роҳ доимо боздошта мешавад, вале намояндагони кишвари ҳамсоя гоҳ-гоҳ изҳор мекунанд, ки сохтмони он бо ҳар арзише набошад, ба итмом расонида хоҳад шуд», - таъкид дошт сарчашмаи хабар.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати Исфара, маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллӣ бо яъсу ноумедӣ қабул кардааст, зеро ҳама медонанд, ки мушкилоти ҳалношуда дар ин масъала ба суботи вазъ дар марз мусоидат намекунад.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ташрифи муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба Исфара дар назар буда, имрӯз ё пагоҳ баргузор шудани марҳилаи навбатии гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҳукумати ҳарду ҷониб аз эҳтимол дур нест.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста