Нимаи имрӯз дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони Қирғизистон ва сокинони маҳаллӣ муноқишаи навбатӣ рух дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, бар асари аз ҷониби марзбонони қирғиз истифода шудани аслиҳаи оташфишон сокини 36-солаи Ворух – Сафоиддин Шарифов дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳо аз тири аслиҳаи оташфишон ба бемористонҳои шаҳри Исфара мунтақил шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, алҳол маълум нест, ки марзбонони қирғиз ба кадом хотир ба деҳаи Бедак, ки қаламрави аз ҷониби умум эътирофшудаи Тоҷикистон мебошад, ворид шуда, муқобили аҳолии осоиштаи тоҷик аз силоҳ истифода бурдаанд.

«Ҳамаи осебдидагон мардони деҳқон мебошанд, ки дар замини худ, 500 метр дуртар аз қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ  ба таъмири шабакаҳои обгузар машғул буданд», - иброз дошт манбаъ.

Чӣ тавре ки маълум гардид, айни замон ҷониби Қирғизистон роҳи мошингарди Исфара – Ворухро бастааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳодисаи тирпарронӣ дар марзро тасдиқ намуда, тибқи фарзияи онҳо, муноқиша дар натиҷаи «амалҳои ғайриқонунӣ»-и шаҳрвандони Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

«Шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз ҳудуди 30 нафар кӯшиш кардаанд, ки аз қаламрави Қирғизистон (дарёи Каравшини) ба деҳаи Бедаки ҷамоати Ворух қубури об гузаронанд, - иттилоъ медиҳад Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя. – Барои пешгирии «амалҳои ғайриқонунӣ» марзбонони қирғиз ба ҳаво якчанд тир мекушоянд, ки ин ба тиркушоӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии тоҷики дар наздикӣ қарордошта боис мегардад».

«Марзбонони тоҷик, ки начандон дур аз макони ҳодиса қарор доштанд, ба сӯи марзбонони қирғиз тир мекушоянд. Дар натиҷаи миёни марзбонони ҳарду ҷониб тирпарронии кӯтоҳ сурат гирифтааст», - таъкид мегардад дар хабари Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара мебоист ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин в аалоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир мегардид.

Дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бори навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар масъалаи сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯтош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш ва Исфара-Ворух ба мувофиқа расанд. Ҳайатҳои ҳукумати баҳри раҳоӣ аз сардаргумие, ки пас аз вохӯрии рӯзи 7-уми июл ба вуҷуд омадаву дар масъалаи сохтмони роҳҳои мазкур созиш ба даст наомад, талош хоҳанд варзид. Ҳарду ҷониб ҳам хостори онанд, ки баҳсу эътирозҳо бояд то сафари расмии сарвари давлати Қирғизистон Алмаз Отамбоев ба Душанбе, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, ҳаллу фасл шаванд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллии шаҳри Исфара бо яъсу ноумедӣ қабул карда, дар ин ҷо то қадре  нооромии вазъ  ба мушоҳида мерасад.