Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ду тан аз марзбонони тоҷик захмӣ шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарситоди нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, як марзбони тоҷик зимни баромадан аз мавқеи ишғолкарда баъди ба сӯи мардуми осоишта тир кушодани марзбонони кишвари ҳамсоя аз пой ва марзбони дигар мустақиман дар мавқеи ишғолкардаи марзбонони тоҷик аз дасташ захмӣ шудааст.
«Марзбонони захмишуда дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ буда, ба гуфтаи табибон, вазъи солимии онҳо муътадил аст», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумоти аз ҷониби Қирғизистон интишоршуда дар бораи он ки марзбонони тоҷик зимни мавриди тирпарронӣ қарор додани қаламрави кишвари ҳамсоя аз миномёт истифода кардаанд, қотеъона рад намуд.
«Дар ҷараёни ин ҳодиса марзбонони тоҷик умуман ягон маротиба аз силоҳи оташфишон тир накушоданд, - таъкид доштанд дар Сарситоди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста аст.




Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста