Ному насаби тоҷикистониёни аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон осебдида маълум шуд.

Айни замон ду сокини деҳаи Бедаки ҷмоати Ворух – Бахтовар Ҷӯрабекови 30-сола ва Ҳазарат Қозиеви 32-сола ва ҳамчунин сарбози марзбон С.М.-20-сола дар шуъбаи эҳёгарии бемористони Исфара бистарианд. Вазъи солимии онҳо мунтазам вазнин боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин, дар бемористони мазкур 5 нафар ҷароҳатбардоштагон – Ҷонбахш Қозиеви 18-сола, Шеҳвар Шарофови 26-сола, Шоҳрӯз Зокирови 22-сола ва сарбози марзбон А.Ҷ. ва ҳамчунин Умедҷон Бобоеви 23-сола низ қарор доранд.

Роҳи мошингарди Ворух – Исфара, ки пас аз тирпарронӣ дар мавзеи деҳаи Оқсой дарҳол баста шуда буд, то ҳанӯз баста боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 10-уми июл дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони Қирғизистон ва сокинони маҳаллӣ  муноқишаи навбатӣ  рух дод. Бар асари аз ҷониби марзбонони қирғиз истифода шудани аслиҳаи оташфишон сокини 36-солаи Ворух – Сафоиддин Шарифов дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳо аз тири аслиҳаи оташфишон ба бемористонҳои шаҳри Исфара мунтақил шудаанд.

Дар робита ба муноқишае, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  изҳорот пахш намуд.

Пас аз ин ҳодиса аҳолии Ворух  гирдиҳамойӣ  ташкил карданд. Марзбонони қирғиз ба ҷойи баргузории гирдиҳамойӣ омада, сӯи издиҳоми мардум бетартибона тир кушодаанд, ки дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд.

Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон  ду тан аз марзбонони тоҷик захмӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки намояндагони воломақоми нерӯҳои марзбонии Қирғизистон субҳи имрӯз ба Душанбе омаданд. Ҳайати Қирғизистон бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтушунид мекунад. Дар вохӯрӣ масъалаи ҳодисаи чанде қабл рухдода дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки як шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ду марзбон ва ҳашт нафар аз аҳолии осоишта ҷароҳат бардоштанд ва  минбаъд роҳ надодан ба ин ҳодисаҳо баррасӣ хоҳанд шуд.