Гуфтушунидҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Қирғизистон, ки субҳи рӯзи 11-уми июл дар Қайроққум оғоз гардида, нимаи дуюми рӯз дар Исфара идома ёфта буданд, шоми ҳамон рӯз ба итмом расиданд.

Тавре як манбаъи наздик ба гуфтушунидҳо иттилоъ дод, дар ин гуфтушунид масъалаҳои муноқиша дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух, боз кардани роҳи мошингарди басташудаи Исфара-Ворух ва ҳамчунин масоили қаблан пешбинишудаи марбут ба роҳҳои мошингарди Боткан-Кӯктош-Оқсой ва Исфара-Ворух дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Қарибиҳои шом ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев низ ба гуфтушунид ҳамроҳ шудааст. Дар ҳамон ҷо издиҳоми иборат аз 15-20 нафараи сокинони ҷамоати Ворух низ ба мушоҳида расидаанд, ки вохӯрӣ бо ҳайатҳои гуфтушунид ва ҳамчунин боз кардани роҳи мошингарди Исфара-Ворухро тақозо доштаанд. Пас аз суҳбат ва итминон додани ҳукуматдорони маҳаллӣ оид ба дар фурсати наздиктарин боз шудани роҳ, издиҳоми мардум пароканда шудааст.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси вилояти Суғд, узви комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ Ҷумъабой Сангинов, дар натиҷаи гуфтушунидҳо Протокол дар бораи тафтиши муштараки муноқишаи рухдода дар мавзеи Бедак, ки рӯзи 10-уми июл рух дод, ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни гуфтушунид қарор шудааст, ки тамоми вариантҳои сохтмони роҳҳои мошингарди Исфара-Ворух ва Кӯктош-Оқсой-Тамдик аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар фурсати наздик баррасӣ шуда, ҷиҳати мувофиқа ба роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ пешниҳод мешаванд.