Ба андешаи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов, дар тарбияи кормандони милиса натанҳо раҳбарияти Раёсатҳои ВКД ё Вазорати корҳои дохилӣ, балки бояд тамоми ҷомеа саҳмугузор бошад.

«Кормандони милиса низ шаҳрвнадони Тоҷикистон, бародар ё наздикону ҳамсояҳои мо мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд дар тарбияи онҳо фаъолона иштирок кунем. Ман аз ҳамаи шаҳрвандони дархост мекунам, ки дар сурати дучор гардидан ба рафтори номуносиб аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ, ба шуъбаҳову раёсат ё бевосита ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд ва ин амал иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони милиса хоҳад буд», - таъкид дошт сардори раёсат.

Бино ба маълумоти ӯ, аз оғози сол дар ноҳияҳои Вахшу Ёвон ду ҷинояти аз ҷониби кормандони милиса содиршуда ба қайд гирифта шудааст. «Раҳбарияти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон миёни кормандон мунтазам корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, баҳри пешгирии содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби онҳо ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад», - афзуд А.Тағоймуродов.