Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович, Вазири мудофиа генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Рустам Урмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенант Абдуфатоҳи Ғойиб, намояндагони Вазорати адлия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оғоз намуда, қайд кард, ки Ситоди мазкур 30 декабри соли 2013 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта, дар ин давра корҳои зиёдеро бобати таъмини суботу оромӣ дар кишвар ва амнияти шаҳрвандон, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ ба анҷом расонид.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар баромад карда, вобаста ба ошкор кардани қонунвайронкуниҳо ва роҳҳои пешгирии он ибрози назар намуд ва таъкид дошт, ки гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомотҳои дар боло зикр гардида, фаъолона кор карда, вазифаҳои дар наздашон гузоштаро содиқона иҷро намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенант Абдуфатоҳи Ғойиб таклифу пешниҳодҳо манзур гардид.

Дар моҳи сентябр баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, бахусус ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таҷлили Конститутсия пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои дарпешистода Ситоди мазкур вазифадор карда шуд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ ва амнияти шаҳрвандон пурзӯр намояд.