Рӯзи 28-уми августи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими супоридани таҷҳизот барои Агентӣ ба маблағи 576 ҳазор доллари ИМА баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, таҷҳизоти мазкур дар доираи кӯмаки Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон супорида шуд ва он аз воситаҳои алоқа, тоскулоҳ, камзӯли тирногузар, дастгоҳи мушоҳидаи шабона ва рӯзона, дурбин ва ғайра иборат мебошад.
Дар маросими имзои санади қабул муовини Директори Агентӣ полковник Ҳ. Маҳмудзода ва роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Брент Пешта иштирок намуданд.
Дар нутқи худ Ҳ. Маҳмудзода Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро арзи сипос кард ва бовар намуд, ки ҳамаи таҷҳизоти супорида шуда дар фаъолияти ҳамарӯзаи Агентӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар самаранок истифода бурда мешавад.
Ҷаноби Пешта қайд намуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯшиш дорад ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон васеътар намояд.
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста