Шурӯъ аз имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қуратии Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, барои таъмини амнияту бехатарии чорабиниҳо бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ (9-уми сентябр) ва нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (11-12-уми сентябр), аз чунин тадбир кор гирифта шудааст.
«Тамоми хиёбону кӯчаҳо, майдону гулгаштҳои пойтахт, макони баргузории чорабиниҳои нишасти СҲШ, ҷойҳои ҷамъшавии издиҳоми мардум ва иншооти муҳими давлатӣ таҳти назорат ва посбонӣ гирифта шуда, пойтахти кишвар шабона аз ҷониби дастаҳои тақвиятшудаи сохторҳои қудратӣ назорату посбонӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои баргузории нишасти СҲШ ба пойтахт нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ аз манотиқи кишвар сафарбар мешаванд.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста