Дар сафари қарибулвуқӯъи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ӯро як гурӯҳи афсарони воломақоми Артиши мардумии озодихоҳои Чин ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар назар аст, ки низомиёни Чин барои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон як миқдор кумаки техникиро хоҳанд супурд.
«Дар доираи сафари сарвари давлати Чин ба Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҶТ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ки комилан аз ҳисоби маблағҳои бурсии Чин сохта шудааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Хонаи афсарон, ки дар паҳлӯи бинои марказии Вазорати мудофиа қомат меафрозад, ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат меварзад.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо кард.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста