Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили сиёсӣ Ҷефри Фелтман изҳор намуд, ки СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амният ва субот дар минтақа омода аст ва даъват намуд, ки ба талошҳо дар мубориза барои таъмини амният ва рушди Афғонистон тақвият бахшида шавад.
Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, айни замон Ҷефри Фелтман ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад.
«Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи умумии мо роҳандозии дигаргуниҳо дар бахши таъмини амният дар Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишвар дар охири сол аст. СҲШ ва кишварҳои узви он ҷонибдориашонро ба ҳалли мушкилоте, ки барои саросари ҷаҳон ва суботи ояндаи Афғонистон муҳим аст, изҳор намуданд», - гуфт Фелтман дар Душанбе зимни ироаи паём аз номи Дабири кулли СММ.
Ӯ таъкид дошт, ки кӯшишҳои кишварҳои узви СҲШ дар самти рафъи таҳдидҳои марбут ба терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин мубориза бо фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ дар таҳкими амният дар Афғонистон саҳми назаррас дошта, самаранокии ин тадбирҳо ба зарурати таъмини эҳтиром ва ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ вобаста аст.
Намояндаи СММ аз сарони кишварҳои минтақа даъват кард, ки миқёси тиҷоратро бо Афғонистон густариш дода, барои рушди зербинои ин кишвар бештар маблағгузорӣ намоянд ва ҳамчунин таъкид дошт, ки аз чунин иқдомот тамоми минтақа манфиатдор хоҳад буд.
Фелтман зикр кард, ки СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ омода аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин масъала Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда (превентивӣ) дар Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузошта метавонад.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста