Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини вобастаи комиссияҳои даъватии пойтахт ва тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ин гарнизон доир карда шуд.

Тавре маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа санҷишҳои гузаронидаи масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе таҳлилу барраcсӣ гардида, ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

«Қайд карда шуд, ки сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо, вобаста ба иҷрои қонуни мазкур, ба беҳтар гардидани сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба сатҳи пешгирӣ аз содиршавии қонунвайронкуниҳо мусоидат намудааст», - омадааст дар хабари маркази матбуоти вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни муҳокимаи бандҳои қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъулини вобастаи даъват қатъӣ талаб карда шуд, ки ба масоили сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, интихоби ҷавонони болаёқат ва дар самти фаъолияти ҳамаҷонибаи комиссияҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ равона намоянд.