Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) аз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба такмили кори хадамотҳои марзбонӣ»-ро тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ изҳор намуд, ки дар лоиҳа бунёди зербинои дахлдор дар дидбонгоҳи марзии «Гулистон» дар шаҳри Исфара пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз се марҳила иборат буда, маблағи умумии он 11,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 9,2 млн. доллари онро бурси БОР ташкил медиҳад ва ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин лоиҳа ба 1,9 млн. доллари ИМА аз ҳисоби озод кардан аз пардохти андозҳо баробар аст.
«Дар лоиҳа сохтмон ва аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз гардонидани терминал, анбор ва дигар иншооти зербино дар назар аст, ки ба коҳиши вақти анҷоми расмиёт ва интиқоли бештари борҳо мусоидат мекунад», - таъкид дошт Наимӣ.
Зимнан зикр гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур нимаи аввали соли 2018 ба итмом мерасад.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста