Рӯзи 30-юми сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» оиди ҷамбасти марҳилаи якуми амалиёт дар қаламрави вилояти Суғд таҳти сарварии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Сангинов Ҷ.Р., бо иштироки сардорони ситодҳои кори вилоятии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Сардори РАНМН полковники х.н.м.н Ҳотамӣ М.М. баромад намуда, қайд кард, ки дар давраи аз 20 май то 31 августи соли ҷорӣ дар рафти гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2014» ҳамагӣ 46 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ 128 кг 799,93 грамм воситаҳои нашъаовар (ки нисбат ба ҳамин давраи амалиёти «Кӯкнор-2013» 57 кг 680,59 грамм зиёд мебошад), аз ҷумла 61 кг 076,33 грамм героин, 15 кг 613,5 грамм афюн, 52 кг 100,6 грамм гурӯҳи «бангдона» мусодира карда шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои оперативи–ҷустуҷӯии созмоншуда, 56 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрўй ошкор гашта, 1 милиону 031 хазору 805 бех растании худрӯи бангдона дарёфт ва бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Соли гузашта дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2013» аз ҷониби гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда 46 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор карда шуда, дар майдони 9,87 гектар, 800 ҳазору 696 бех растаниҳои худрӯйи бангдона дарёфт намуда, бо роҳи оташ задан несту нобуд карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор - 2014» дар қаламрави вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуд.