Бо дарназардошти он, ки қисми низомии 02011-и ҚӯшунҳоизЗудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳи яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таиноти махсуси лижаронҳо ташкил гардидааст, ки мшғулиятҳои ҳамарӯзаи сарбозони ин ҷузъи таъиноти махсус дар барномаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, талаботе, ки тибқи соатҳои дарсӣ ва дар доираи нақша тасдиқ гардидааст, дар сатҳи зарурӣ ва ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Ба ҳар як дарс афсари масъул вобаста гардида, талаботи муқараргардида қатъӣ риоя карда мешавад. дар муддати кӯтоҳ ин сарбозон натанҳо истифода намудани он, балки бо аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ ва борхалтаи саҳроӣ дар пушт, ки на кам аз 20 кг вазн дорад, алакай метавонанд, асбобҳои лижарониро дар кӯҳистони душворгузару ноҳамвор истифода намоянд. Ҳатто зимни доир кардани амалиёт тирпаронӣ кунанд. Барои буду боши ҳайати шахсӣ дар ин қисми низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар дохили хобгоҳи сарбозӣ ҳамомхона ва ташнобхонаи ҳайати шахсӣ бунёд карда шуда, новобаста аз сардии боду ҳавои ин минтақа, барои сарбозон дар ин ҷузъи ҳарбӣ тамоми воситаҳои гармидиҳӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои тактикиву оташфишонӣ ва дигар шароити рӯзмарраи хизматӣ муҳайё мебошад.