Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар як қатор васоити ахбори умум маълумот дода шуд, ки гӯё Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора дар раддияи интишоршудаи ширкати Tcell иттилоъ дода мешавад.

«Тирамоҳи ҳамин сол бо хоҳиши роҳбари ситоди пешгирии пайвастани шаҳрвандони ҶТ ба сафҳои созмонҳои террористӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо терроризм ва ифротгароӣ ба онҳо интернет-трафики кӯтоҳмуҳлат ҷудо карда шуд. Дар робита ба пешниҳод ё насби кадом як навъи дастгоҳи назорати мухобиротӣ ё дигар таҷҳизоти махсус Прокуратураи генералӣ ба ширкат муроҷиат накардааст. Прокуратураи генералӣ ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагидории ширкати Tcell дахолат накардааст», - гуфта мешавад дар иттилои ширкати оператори мобилӣ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар сомонаи ширкати TeliaSonera-и Шветсия ва Финландия иттилоияи расмии ширкат интишор шуда , дар он зикр гардида буд, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст.

Дар  хабар  қайд мешавад, ки ин дархости худро мақомоти Тоҷикистон ба дастгирии техникии сохторҳои давлатии машғул ба тафтиши рӯйдодҳои ошӯби мусаллаҳона ва ҳамчунин таҳқиқи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ содир шудаанд, нисбат додаанд.

Аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳо аз ин маълумот огаҳии хуб надошта, пас аз омӯзиши он шарҳи расмӣ пешниҳод мекунанд.