Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими оғози Барномаи омӯзишии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба таҳлил ва идоракунии хавфҳо, ки 22-уми феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда баргузор гардид, иштирок кард.
Сафорати ИМА аз он ифтихор дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо (EXBS) барномаи омӯзишии мазкурро бо мақсади ҷамъ овардани кормандони хадамоти гумрукӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон маблағгузорӣ менамояд. Мусоидат ба таҳкими муносибатҳои устувори минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ-ҳадафи асосии намояндагии ИМА мебошад. Сафир Миллард ба роҳбарияти Коллеҷи сарҳадии САҲА барои доир намудани барномаи омӯзишии мазкур ва чаҳор омӯзишҳои иловагии дигар, ки барои кормандони хадамоти гумрукии ин кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудаанд, арзи сипос намуд.
Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо ба давлатҳои шарик дар тақвият додани иқтидори онҳо ҷиҳати ошкор намудан, боз доштан, тафтиш кардан ва таъқиби судии қочоқи Яроқу аслиҳаи маҳви омма (ЯАМО), ашёҳои марбут ба он ва яроқу аслиҳаи оддӣ мусоидат мекунад. Сафорати ИМА ҷонибдории хешро аз Ҳукумати Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳои ИМА ҷиҳати таъмин намудани таҷҳизоти муосир, доир намудани барномаҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод.
Омӯзиши мазкур яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА дар Душанбе мебошад, ки аз номи мардуми ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳои кӯмакрасон ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амният ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста