Сафорати Тоҷикистон дар Русия баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст , мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, бо мусоидати сафорат барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои шҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон адвокатҳо ҷалб карда шудаанд.

«Кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо хешону наздикони шаҳрвандони боздоштшудаи ҷумҳурӣ мудом дар тамос буда, баҳри кумак ба онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд», - таъкид мешавад дар маълумоти сафорат.

Гуфта мешавад, 30 май суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав дар робита ба қазияи оромгоҳи Хованское нисбати 5 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

«Барои рӯшанӣ андохтан ба тамоми ҳолатҳои ин қазия худи ҳамон рӯз кормандони Хадамоти консулгарии сафорат ва намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз суди ноҳияи Твери шаҳри Маскав боздид намуда, бо сардори гурӯҳи тафтишоти Сарраёсати тафтишоти ВКД ФР дар шаҳри Маскав Веретенников А.Н. ва корманди ин раёсат Сергеев С.И. дар ин хусус суҳбат карданд», - омадааст дар маълумот.

Тибқи маълумоти расмии гурӯҳи тафтишот, айни замон 14 нафар гумонбаршудагон аз гурӯҳи ҷиноӣ таҳти тафтишот қарор доранд. «Аз 22 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки ҷазоҳои маъмурӣ гирифта буданд, баъди анҷоми муҳлати ҷазо 17 нафарашон озод шуда, нисбати панҷ нафар дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддинович мутобиқи моддаи 231 КҶ ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муҳлати ҳабси онҳо боз 2 моҳ дароз шуд», - зикр мегардад дар хабар.

Қайд мешавад, ки муфаттишони парванда гуфтаанд, доир ба ин ҳолатҳо аризаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст ва сабтҳои камераҳои мушоҳидаи видеойӣ ба сифати далели раднопазир пешниҳод шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки «аз рӯзҳои аввали ин қазия сафорат ин масъаларо таҳти назорати махсус қарор дода, баҳри ҳимоя аз ҳуқуқхои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар доираи қонунгузории Русия ҳамаҷониба талош меварзад».

«Дар ин робита сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост мекунад, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон мушкилоти марбут ба ин қазия ё пешниҳоди маълумоти нав дар ин бора ба сафорат муроҷит намоянд, то ки ба онҳо саривақт мусоидату расидагӣ шавад», - таъкид мегардад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.

Собиқ директори оромгоҳи Хованское  ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд.  Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.