Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) 7 мошини нави роҳпаймои таъиноташ умумӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқи аслиҳаи қатли ом тақдим намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, мошинҳои мазкур барои бошитоб кашонидани ҳайати шахсӣ ва бор ба ҳама ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Инчунин, қисми муайяни қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири мошинҳо таъмин шудааст.
Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кӯмак мерасонад.
Сафорати ИМА дастгириро ба Ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки аз ҷониби Сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.
Мошинҳои мазкур қисми яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.




Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст
Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026
Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста