Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” навори видеоеро нашр кард, ки дар он панҷ нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ҷиҳати садоқат ба Давлати исломӣ савганд ёд мекунанд.

Портали SITE Intelligence Group, ки пайгири фаъолияти иттилоотии ифротгароён аст, хабар медиҳад, ки дар навор ҷавононе мебошанд, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ҳамла кардаанд.

Ҳамин гурӯҳи мониторингӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки созмони террористии Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

Дар робита ба ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон субҳи рӯзи 31 июл изҳор дошт, ки фармоишгар ва аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар сафҳои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) қарор дошта, дар Эрон таълимоти динӣ гирифтаанд.

Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар ҷараёни амалиёти махсус оид ба дастгир кардани ҳамлагарон 4 нафар кушта ва боз 5 тан аз гумонарон боздошт шуданд. Аксҳои онҳо дар сомонаи расмии ВКД нашр шуд.

Санҷиши шахсияти ҷавонон дар навори видео, ки дар Твиттер низ нашр шудааст ва афродеро, ки кушта ё боздошт шудаанд, алҳол ғайриимкон мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти Давлати исломиро дар бораи даст доштанаш ба ташкили ин ҳамла шарҳ надод. Баъди нашри навори видео низ дастрас кардани шарҳу тавзеҳ аз ВКД муяссар нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.