Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шумори гургҳо дар Тоҷикистон зиёда аз ҳашт баробар афзудааст. Онҳо тайи солҳои натанҳо ба чорвои хонагӣ, балки ба одамон низ ҳамла мекунанд.
Дар маҷмӯаи “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ айни замон беш аз 5,3 ҳазор гург зиндагӣ мекунад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омор, соли 1992 шумори ин ҳайвони ваҳшӣ ҳамагӣ 650 сарро ташкил медод.
Дар ҷумҳурӣ минтақаҳое ҳастанд, ки шумори гургон дар онҳо начандон зиёд аст. Лекин минтақаҳое низ мавҷуданд, ки гургон зиёданд ва мардуми ин минтақаҳо аз ин ҳайвони ваҳшӣ осеб дида, натанҳо молу чиз, балки ҳаёташонро аз даст медиҳанд.
Ин мушкилот дар кӯҳҳои Помир таҳдидовар шуда, одамон қурбони ҳамлаи гургон мешаванд.
Аввали моҳи марти соли ҷорӣ галаи гургон ба ду сокини ноҳияи Шуғнон ҳамла карда, занҳо аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуданд. Моҳи январи ҳамин сол боз дар ноҳияи мазкур гургҳо ба кӯдаки панҷсола ва як мард дарафтоданд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бар ин назаранд, ки галаи гургон шояд аз гуруснагӣ ба одамон ҳамла мекунанд. Даррандагон барои дарёфти чорвои хонагӣ ба деҳаҳо фаромада, лекин бо одамон дучор мешаванд, ки ба оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонад.
Бо фарорасии фасли зимистону ба бехатарии аҳолӣ таҳдид кардани гургон, ҳукумати Тоҷикистон дастаи таъиноти махсуси “Алфа”-и КДАМ-ро ба шикори онҳо сафарбар кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, аъзои ин воҳид бо силоҳи махсуси шикорӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин ва барои нобуд кардани гургҳо дар қаламрави ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадолӣ, Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев, Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста