300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд.
Ба иттилои манбаъ, аз шумори омадагон беш аз 220 нафар дар беморхонаи сироятии пойтахт бистарӣ шудаанд.
“Айни замон беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон барои қабули дигар беморон баста аст. Он ҷо беш аз 220 кас бистариянд. Боз 80 нафар дар минтақаҳои карантинии дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар қарор доранд. Беморони худи дармонгоҳро дар беморхонаи сироятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойгир карданд”, - хабар дод манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, миёни касоне, ки дар карантин мебошанд, асосан донишҷӯёну тоҷирон ва ҳамчунин шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ҳузур доранд.
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ҳамаи шахсони аз Чин омадаро санҷида, ба беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон фиристоданд. Зикр гардид, ки онҳо аз Чин тариқи хатсайри Алмаато-Душанбе омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба қатъи парвозҳо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба хонаҳояшон аз Чин дучори мушкилот шудаанд. Дар Facebook рӯзи якшанбе навори видео нашр шуд, ки дар он эътирози донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин мушоҳида мешавад. Онҳо лавҳаҳо бо навиштаҷоти англисии “Мо хона рафтан мехоҳем!”-ро дар даст доранд.
Гап сари он аст, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уральские авиалинии» донишҷӯёни хориҷиро ба дохили ҳавопаймо роҳ надод, ҳарчанд онҳо ба ҳамин хатсайр чипта доштанд. Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, ба дохили ҳавопаймо танҳо шаҳрвандони Русия роҳ дода шуданд. Ба дархости “Азия-Плюс” дар бораи сабаби чунин амал аз хадамоти матбуоти «Уральские авиалинии» то ҳол посух нарасидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста