Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарияш гуфт, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари таъин ва аломатгузории марз дубора оғоз мешаванд ва Тоҷикистон мисли пештара бар ин аст, ки “на як ваҷаб заминашро медиҳаду на як ваҷаб замини бегонаро мегирад”.
Аҳмадзода мегӯяд, ки баъди тасдиқ шудани кобинаи нави ҳукумати Қирғизистон, дигарбора комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марз қарор аст аз моҳи март кори худро оғоз кунад.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистон мисли пешин бар ин мавқеъ аст, ки мехоҳад ҳамаи мушкилии вобаста ба марзро ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд. Ӯ ишора ба ҳамсоядории чандинсолаи халқҳои тоҷику қирғиз карда гуфт аз як обу ҳаво нафас мекашем ва ҳамдигарро иззату эҳтиром мекунем.
“Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо даркор нест. Баҳсҳое, ки байни сокинони деҳаи Оқсой ё Воруху Чоркӯҳ ҳастанд, инҳо баҳсҳои хоҷагӣ аст. Мумкин роҳи обро дигар мекунанд ё ягон дарахтро ноҷо мешинонанд, ин дар салоҳияти ду раиси ҷамоат, ду нозири минтақавӣ ва раисони шаҳрҳо аст ва имрӯз ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар Ворух 40 ҳазор аҳолӣ зиндаги мекунад, асрҳои аср роҳ барои мардум буд, роҳ роҳи Тоҷикистон аст, роҳи мадуми Ворух аст. Ворух анкалав нест. Мо ҳаминро ба ҳамсоя фаҳмонида дода истодаем, ки намехоҳем имрӯз ноҳақ ба сокинони мо халал расонанд. Мо албатта амнияти осудагии мардумамонро таъмин мекунем”.
Ӯ таъкид кард, ки имрӯз он ҷойҳои баҳсие, ки ҳаст, аз ҷониби сарҳадбонҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, мақомоти иҷроияи Исфара бо роҳбари шаҳри Бодканд ва ҳам роҳбарони ҷамоатҳои кишвари ҳамсоя тариқи гуфтушунид ҳал шуда истодааст.
Раҷаббой Аҳмадзода мегӯяд, дар чаҳорчӯби қонун, ҳар касе имрӯз сарҳадро вайрон мекунад, сарҳадбонони тоҷик чораҷӯйӣ мекунанд.
“Ман боварии комил дорам, ки имрӯз ягон ваҷаб замини ҳамсоя ба мо лозим нест ва мо низ ягон ваҷаб заминро ба касе намедиҳем. Мо мехоҳем бо кишвари ҳамсоя дӯстӣ кунем ва як ҳаворо ҳамроҳ нафас мекашем. Як обро ҳам сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон мехӯрад ва ҳам сокинони Тоҷикистон. Мо бароии манфиати миллӣ, барои ҳимояи марзу бум ҷонамонро медиҳем”.
Раиси вилояти Суғд афзуд боварии комил дорад, ки масъалаҳои вобаста ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон тариқи гуфтушунид марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки имрӯз шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 36 километр, Ҷаббор Расулов 51 километр, Спитамен 14 километр, Деваштич 69,2 километр ва Кӯҳистони Мастчоҳ 169,8 километр бо Қирғизистон хатти марз доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста