Мақомоти давлатии Тоҷикистон ба таври расмӣ хабар доданд, ки ба дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Дафтари матбуоти вилояти Суғд бо нашри хабари расонидани ёриҳои молӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ин даргириҳо шумори онҳоро 19 нафар номбар кардааст.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дирӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба тамоми хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ аз вилояти Суғд аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёрии молӣ расонида, ба хонаводаҳои шаҳидон изҳори таслияту ҳамдардӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ ин ду масъули Ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаи, сокинони ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, зимни бозгашт ба шаҳри Хуҷанд ба хонаводаи сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки бар асари даргириҳо шаҳид гаштанд, низ изҳори ҳамдардӣ карда ёриҳоро расонидаанд.
Гуфта мешавад, ки ба хонаводаи ҳар яке аз қурбониёни даргириҳои марзӣ аз номи ҳукумат 70 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ҳамчунин гуфтааст, ки аз номи раисҷумҳур ба хонаводаи ҳамаи қурбониёни ин ҳодисаҳо дар сар то сари кишвар ёриҳои молӣ расонида шудааст, ки ҳаҷми умумии ин маблағ ба хонаводаи қурбониён ва захмишудаҳо 3 миллион сомонӣ будааст.
Ин манбаъ Ҷасур Сиярқулов сокини ноҳияи Деваштич, Сафархӯҷа Ҳасанов сокини ноҳияи Фархор, Аслиддин Абдузамонов сокини ноҳияи Нуробод, Ғафурзода Некризи Набӣ сокини шаҳри Турсунзода, Салоҳиддин Гадоев сокини ноҳияи Ховалинг, Раҷабзода Маҳмадулло Раҷаб, сокини ноҳияи Муъминобод ва Абдулло Саидов сокини ноҳияи Нурободро аз қурбониёни дигари ин даргириҳо ном бурдааст.
Ҳамчунин 5 май раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати захмиён дар Беморхонаи марказии Исфара аз номи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо кумакпулӣ супурд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маҷмуъ, барои 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун гирифта буданд, ба миқдори аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон 19 кушта ва 87 нафар захмӣ дар ин даргириҳо дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем. Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста