Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон вобаста ба вазъи сарҳад бо Афғонистон тамоми кумаки зарурии аз ҷониби он дархостшударо мерасонад, хабар додааст ба РИА Новости котиби Созмон Владимир Зайнетдинов.
“Дар сурати муроҷиат СПАД ба Тоҷикистон ҳамаи кумаки зарурии дархостшударо, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СПАД пешбинӣ шудааст, хоҳад расонид: ин метавонад кумаки сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бошад”, - гуфтааст котиби СПАД.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки ҳоло ин кишвар кумак напурсидааст.
“Ҳоло Тоҷикистон дар робита ба вазъе, ки дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ рух дод, ба СПАДмуроҷиат накардааст”, - иброз доштааст Зайнетдинов.
Ёдрас мекунем, ки 22 июн дар бораи ба дасти Толибон гузаштани гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон хабар дода будем. Зикр гардида буд, ки бар асари ҳуҷуми Толибон хизматчиёни ҳарбии афғон куштаву маҷрӯҳ шуда, зиёда аз 130 нафар низомиёни неруҳои ҳукумат ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд.
Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста