Гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст. Дар ин бора Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, "Толибон" чанд соат пеш Шерхон Бандарро суқут додаанд ва бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба дасти "Толибон" таслим шуда ва бархеи дигар аз ин неруҳои давлатӣ ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Гуфта мешавад, дар миёни паноҳовардаҳои ҷониби Афғонистон бархе аз мақомдорони маҳаллӣ низ ҳастанд.
Ба гуфтаи манбаъ, раёсати гумруки Шерхон-Бандар бидуни даргирӣ ба дасти "Толибон" афтодааст.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари мақомоти Тоҷикистон то замони нашри ин хабар натиҷа надод.
Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Ин гузаргоҳ дар нуқтаи марзӣ, миёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон ҷойгир аст. Худи вулусволии Имом Соҳиб, дирӯз ба дасти "Толибон" суқут карда буд.
Ба гуфтаи Аҷмал Кокар дар ҳоли ҳозир тамоми рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи тиҷоративу гумрукӣ қатъ шудааст ва ҷангҳо дар давру бари шаҳри Кундуз идома дорад ва ин шаҳр дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дорад.
Дирӯз бархе аз масъулини Шерхон Бандар ба ҳукумати марказии Афғонситон аз хатари суқути ин гузаргоҳи муҳим ҳушдор дода буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста