Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашркардаи расонаҳои Афғонистон дар мавриди қатъи судури раводидро бепоя хонд. Шабакаи телевизионии Tolonews дар телеграмканали худ, дар як хабари кӯтоҳ навишт, ки "раванди судури визои Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон мутаваққиф шуд".
Дар раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар бепоя аст ва бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Кобул чун пештара кор мекунад ва ҳеч тасмиме барои қатъи судури раводид барои шаҳрвандони Афғонистон, гирифта нашудааст.
Аммо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, Тоҷикистон консулгариҳояш дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистонро муваққататн бастааст.
Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки бар пайи суқути пай дар пайи вилоятҳои Афғонистон ба дасти "Толибон" теъдоди шаҳрвандоне, ки мехоҳанд визаи Тоҷикистонро ба даст биоранд, зиёд шудааст.
Аммо Tolonews ба манбаъи хабараш дар мавриди қатъи судури раводиди Тоҷикистон дар Кобул ишора накардааст ва танҳо аз қатъи он хабар додаасту халос.
Толибон се рӯз пеш, шаҳри Файзободро тасарруф карданд ва акнун тамоми ин вилоят таҳти тасарруфи ин гуруҳ қарор дорад. Аз вилоятҳои шимолии Афғонистон танҳо вилояти Балх ва қисме аз вилояти Форёб дар ихтиёри давлати Афғонистон мондаасту халос. Толибон то кунун наздик ба 15 вилояти Афғонистонро ғасб кардаанд, ки аксри ин вилоятҳои вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон мебошанд.
Тоҷикистон дар соли 2016, бар пайи суқути аввал консулгарияш дар шаҳри Кундузуи вилояти Кундузро баста буд, ки дигарбора фаъол нашуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста